Барқияи табрикотии Э.Раҳмон ба Ху Тсзинтао
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:Мӯҳтарам ҷаноби Раис, Ба муносибати солгарди эълон шудани Ҷумҳурии Мардумии Чин табрикоти самимонаамро ба Шумо ва дар шахси Шумо ба ҳамаи халқи дӯсти Чин бо қаноатмандии зиёд ирсол медорам.Мамлакатҳои моро риштаҳои канданашавандаи бо мурури замон санҷидашудаи ҳамсоягии нек ва дӯстӣ алоқаманд менамоянд, ки мо имрӯз баҳри афзун гардидани онҳо саъю кӯшиш намуда, ҳамкории мамлакатҳоямонро доимо густариш медиҳем. Тоҷикистон аз муваффақиятҳои бузурги Чини дӯст дар рушди иқтисодиёт, илм, фарҳанг ва соҳаҳои дигари худ, аз дастовардҳои он дар арсаи ҷаҳон сидқан шод мегардад.Мо сатҳи баланди ҳамкории бисёрҷонибаро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки тайи солҳои охир барои рушди минбаъда нерӯи бузург ба даст оварда аст, ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, азму иродаи қавӣ дорем, ки онро бо мазмуни нав ғанӣ гардонем, ки ҳамоҳанги талаботи замони пешрави имрӯза бошад. Ба туфайли саъю кӯшишҳои муштарак ба мо муяссар гардид, ки дар амри муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилан муфид натиҷаҳои таъсирбахш ба даст орем, ки дар робита бо ин саҳми бузурги шахсии Шуморо ба ин кори наҷиб зикр накарда наметавонам. Қаноатмандии бепоёни моро аз раванди рушди босуръати ҳамкории Тоҷикистону Чин дар ҳамаи самтҳои асосӣ иброз дошта, бояд ба таври махсус қайд намуд, ки тайи давраи гузашта барои рушду густариши минбаъдаи онҳо ҷиддан кори зиёд иҷро шудааст. Дар Тоҷикистон роҳандозӣ намудани бархе лоиҳаҳои хаҷман калони муштарак, ки ҳамкории моро ба қуллаҳои нави баланд бардошта, мутобиқи нерӯи ғанитарини муносибатҳои дуҷониба мебошанд, дар ин амр аҳамияти муҳимтарин дошт. Аз он рӯзе, ки дар шароити нави Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон байни мамлакатҳоямон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуданд, дар ояндаи наздик 20 сол пур мешавад. Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун шарик ва ҳамсояи нек ҳамаи чораҳои имконпазирро дид, ки ин бист сол бо мисолҳои зебои ҳамкории самарабахши ҳар ду давлат ба нафъи халқҳою мамлакатҳоямон мунаввар гарданд. Мехоҳам аз имконияти гуворо истифода намуда, ба Шумо, ҷаноби мӯҳтарам Раис, тансиҳатӣ, саодат ва комёбиҳои навро ба нафъи Чини бузург ва ба халқи дӯсти Чин сулҳ, беҳбудӣ ва шукуфоиро таманно намоям.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






