Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии Абдулло Гул
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин гуфта мешавад: Ҷалолатмаоб, Ман хеле фараҳмандам, ки ба муносибати таҷлили иди миллии кишваратон ба Шумо ва ба ҳамаи халқи Туркия табрикот ва орзӯҳои беҳтаринамро ирсол дорам. Мо анъанаҳои неки муносиботи дӯстонаи миёни мамлакату халқҳоямонро қадр мекунем ва ният дорем, ки барои таҳкиму рушди минбаъдаи онҳо тамоми имконотро истифода намоем.Ин воқеаи фархунда ба ман имкон медиҳад, ки ба Шумо, ҷаноби Президент, тансиҳатии бардавом, саодату комёбиҳо ва ба халқи турк сулҳу беҳбудӣ таманно намоям.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






