Барги сабзе дар пойиз
Душанбе, 31 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Телевизион ва радиои Тоҷикистон дар масири таърих»- таҳти чунин унвон нашриёти «ЭР-граф» китоберо ба тозагӣ ба табъ расонд. Китоби мазкур, ки ба 20-умин солгарди ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳдо гардидааст, таърихи телевизион ва радиои Тоҷикистон, нақши Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули радио ва телевизиони ҷумҳурӣ инъикос намудааст. Журналистони варзида Шералӣ Мӯсо ва Абдуқодири Абдуқаҳҳор мураттибони китоб буда, заҳмати кормандони радио ва телевизион, аввалин поягузорон, марҳилаҳои рушду такомули ин расонаҳоро дар даврони Истиқлолияти Тоҷикистон, раванди таҳкими сулҳу созгории миллӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ дар ин бахшро қаламдод намудаанд. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Асадулло Раҳмонов ба китоб пешгуфтор навишта, таърихи телевизион ва радиои Тоҷикистонро як шохаи таърихи Тоҷикистон арзёбӣ намудааст. Ба китоб аксҳои ранга, ки аз чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи «Шашмақом», «Фалак» ва маросими ифтитоҳи шабакаҳои телевизионии «Сафина» /2005/, «Баҳористон» /2006/ «Ҷаҳоннамо» /2008/ бо иштироки Президенти мамлакат ҳикоят мекунанд, шукӯҳи хосса бахшидаанд. Муқоваи китобро Парчами миллии Тоҷикистон ва расми бинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шакли таҷдидшуда дар дохили амвоҷ ба шакли рамзӣ оро додааст.Китоби «Телевизион ва радиои Тоҷикистон дар масири таърих» ба забони тоҷикӣ бо теъдоди 500 нусха нашр гардида, барги сабзест барои кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва муаррихони фарҳанги тоҷик.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






