Баргузории 150 ярмарка барои дарёфти ҷойи кори холӣ дар Суғд
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Тайи 9 моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта 150 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти вилояти мазкур хабар доданд, дар ин ярмаркаҳо 1 ҳазору 976 корхонаю ташкилот иштирок намуда, 25 ҳазору 466 ҷойи кории холӣ пешниҳод намуданд, ки дар натиҷа 884 нафар корҷӯён ва бекорон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.Инчунин 158 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 926 нафар ба касбомӯзӣ сафарбар шуданд. Ҷамъи шаҳрвандони бекори ба воситаи ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ба шуғл ҷалбшуда 1 ҳазору 968 нафарро ташкил медиҳад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






