Баррасии масъалаи ҳамкориҳо дар Шӯрои электроэнергетикии ИДМ
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ҷаласаи 40 — уми Шӯрои электроэнергетикии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид.Дар ҷаласа доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи электроэнергетика, аз ҷумла рафти тайёрии системаҳои электроэнергетикии миллии кишварҳои ИДМ ҷиҳати фаъолияти мунтазаму самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2011 – 2012 ва ҳамкории мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи электроэнергетика ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ зимни суханрониаш перомуни иқтидорҳои тавлидотии нерӯи барқи кишвар бо назардошти нерӯгоҳҳои барқии соли ҷорӣ ба истифодадодашуда, аз ҷумла НБО – ҳои хурд, идомаи бунёди иқтидорҳои иловагии тавлиди нерӯи барқ ва хатҳои интиқоли барқ дар мамлакат, ҳамчунин иҷрои корҳои зарурӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти бахши барқ дар ҷумҳурӣ ибрози назар кард.Дар анҷоми ҷаласа иштироккунандагони он зарурати истифодаи самараноки нерӯи барқ ва густариши ҳамкориҳои ҳар чи бештари давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи электроэнергетикаро таъкид намуданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






