Баррасии масоил доир ба барҳам додани ҳукми қатл дар Тоҷикистон
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода»-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, Конфедератсияи Швейтсария ва Созмони байналмилалии ислоҳоти зиндон таҳти унвони «Аз моратория то барҳам додани ҳукми қатл дар Тоҷикистон: проблемаҳо ва дурнамо» мизи гирд баргузор гардид. Дар ҷараёни он барҳам додани ҳукми қатл дар Тоҷикистон, фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба таҳқиқи ҷанбаҳои иҷтимоиву ҳуқуқии барҳам додани ҳукми қатл, шарҳи тавсияҳо оид ба барҳам додани ҳукми қатл дар чаҳорчӯбаи нигориши умумидавраӣ ва фаъолияти созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин дар мизи гирд сомонаи «Барҳам додани ҳукми қатл дар Тоҷикистон» муаррифӣ шуд. Дар сӯҳбати мизи гирд мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон доир ба сиёсати ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов, сарвари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Эдуард Ауэр, ҳамчунин намояндаҳои вазорату идораҳо, сафоратҳои кишварҳои аврупоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






