Баррасии масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд

Октябрь 14, 2011 16:22

Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар Донишгоҳи миллӣ бо ташаббуси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳи нахустин семинари байналмилалии авруосиёгӣ дар мавзӯи «Ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, репрессия ва таълимоти ҳуқуқи римӣ» баргузор гардид.Дар кори семинар намояндагони Аргентина, Гурҷистон, Итолиё, Маҷористон, Македония, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Руминия, Сербия, Туркия, Чин, Юнон ва намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, инчунин аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирони давлатӣ ва дигар кормандони масъул иштирок намуданд.Дар рафти семинари мазкур мавзӯъҳо оид ба механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва таъсири ҳуқуқи  римӣ ба низоми ҳуқуқии ҷаҳон мавриди баррасӣ ва муҳокимаи мутахассисону олимони ватанию хориҷии соҳаи ҳуқуқ  ва амалия қарор гирифтанд. Чорабинӣ дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи миллӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Шӯрои миллӣ оид ба татқиқоти илмии музофоти римӣ доир гардид.Семинар пагоҳ, 15 октябр кори худро дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» идома медиҳад.

Октябрь 14, 2011 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад