БАТР кӯмаки машваратӣ мерасонад
Душанбе, 11 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тақвияти ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ дар меҳвари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Ян Фишер, ноиби Президенти БАТР оид ба амалиёт қарор дошт.Шукурдҷон Зуҳуров доир ба фаъолияти палатаи поёнии парлумони мамлакат маълумот дода афзуд, ки Тоҷикистон стратегияи БАТР-ро дар мавриди густариши соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон ҷонибдорӣ менамояд.Зуҳуров гуфт, ки тӯли солҳои охир бо қабули қонунҳо аз сӯи парлумони кишвар фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон фароҳам омадааст. Мавсуф зикр кард, ки БАТР дар радифи дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон доираи фаъолияташро пурсамартар бояд гардонад. Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат таъкид кард, ки таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав барои рушди соҳибкорӣ, бахши хусусӣ ва дар маҷмӯъ ҷиҳати устувор ва баланд бардоштани иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамояд.Ян Фишер, ноиби БАТР оид ба амалиёт дар навбати худ зикр кард, ки БАТР ба парлумони Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи қонунҳо дар бахши ҳуқуқ ва ислоҳоти системаи судӣ кӯмаки машваратӣ мерасонад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






