Беш аз 20 тонна бензин ғайристандартӣ дониста шуд
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ “Ховар”, Лутфия Эшонқулова). — 20 ҳазору 280 литр бензини автомобилии тамғаи АИ-80, ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ И. Сафаров аз ҷумҳурии Қирғизистон ба дидбонгоҳи гумрукии терминали шаҳри Душанбе ворид гашта буд, дар натиҷаи санҷиш дар озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти нафтии Агентии давлатии “Тоҷикстандарт” аз рўи нишондоди адади октанӣ ба талаботи стандарти байнидавлатӣ ҷавобгӯ набуда ғайристандартӣ дониста шуд.Ин миқдор сўзишворӣ айни ҳол таҳти назорати гумрукӣ қарор дорад. Зикр кардан ба маврид аст, ки Агентии “Тоҷикстандарт якҷоя бо мақомоти дахлдор воридшавии маҳсулоти ниёзи мардумро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати қатъӣ қарор дода, бозори истеъмолии мамлакатро аз маҳсулоти пастсифату ба талабот ҷавобгўй набуда ва мўҳлати истифодаашон гузашта ҳимоя менамояд.Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






