Бинокорон дар Душанбе ҷамъ меоянд
Душанбе, 20 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-29 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми навбатии бинокорони ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Дар Форум дар радифи баррасии вазъи соҳаи сохтмон дар ҷумҳурӣ масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи сохтмон низ матраҳ мегардад. Аз Ассотсиатсияи бинокорони ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар Форум намояндагони Иттифоқи бинокорони Русия ширкат варзида, қарордоди ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд. Тибки шартнома дар назар дошта шудааст, ки Ассотсиатсияи бинокорони Тоҷикистон ва Иттифоқи бинокорони Русия як силсила корҳоро ба иҷро мерасонанд. Хусусан дар самти омӯзиш ва баланд бардоштани донишу тарибаи касбии муҳоҷирони корӣ, таъмини қонунии онҳо бо ҷои кор дар иншооти сохтмонии Русия аз мақсадхои аввалиндараҷаи ҳамкориҳо ба шумор мераванд. Дар сурати ба имзо расидани қарордод вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ беҳтар гардида, поймолкунии ҳуқуқи онҳо аз ҷониби ширкатҳои корфармо ва шахсони инфиродӣ дар Русия коҳиш ёбад. Дар ҳоли зарурат Ассосиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон метавонад дар Русия намояндагии худротаъсис намояд. Ҳамзамон ҷонибҳо тибқи созишнома бояд оид ба навигариҳо дар бозори меҳнат табодули ахбор намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






