Бо оташ бозӣ накунед !

Октябрь 14, 2011 16:22

Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар» Фарҳоди Шомаҳмад ). — Тавре аз Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори «АМИТ» Ховар иттилоъ доданд, ҳафтаи сипаришуда дар қаламрави ҷумҳурй 20 ҳодисаи сӯхтор бо хисороти  умумии 29 ҳазору 3 сомонй ба қайд гирифта шудааст. Ба  гуфти муовини аввали сардори сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудфиддин Салоҳиддинов аз аввали сол то имрӯз дар кишвар 886 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки чунин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 адад зиёд мебошад. Ба иттилои Қ. Салоҳиддинов бар асари ин сӯхторҳо 20 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки аз онҳо 9 нафарашон ноболиғ мебошанд. Масъулин сар задани сӯхторҳоро  дар манзилҳои истиқоматӣ пеш аз ҳама дар оташбозии кӯдакон, муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарй аз сӯхтор ҳангоми  истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқй  ва газӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқй мебинанд. Қутфиддин Салоҳиддинов гуфт, ки онҳо дар доираи корҳои омодагӣ ба мавсими зимистон тибқи супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҳкими бехатарй аз сӯхтор дар иншооти махсусан муҳими ҷумҳурй санҷиш гузаронида истодаанд.

Октябрь 14, 2011 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд