Бохти аввалини футболбозони ҷавон
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон дар вохӯрии нахустини интихобии ҷоми Осиё аз дастаи мунтахаби Баҳрайн бо натиҷаи 4 бар 0 мағлуб шуд. Дар ин бозӣ сармураббии даста Ораз Назаров чунин ҳайатро ба майдон баровард: . Баҳодур Шамсов, Алишер Шарипов, Бахтиёр Азимов (Алиҷон Азизов, дақиқаи 89), Фахриддин Сафарзода, Даврон Ҳабибуллоев, Абдулло Саидов , Абдурасул Раҳмонов, Шавкат Ҳотам, Ҷахонгир Эргашев, Фирӯз Қараев (Фирӯз Юсупов, дақиқаи 65), Зафар Раҳимов. Дар дақиқаи 45-уми қисми аввали бозӣ Абдураҳмон Юсуф ҳисобро кушод. Дар дақиқаҳои 51-ум ва 52-ум Алӣ Ҷамол Муҳаммад бо ду голи задааш ҳисобро афзуд. Алӣ Аҳмад Ғолиб тӯби 4 – уми дастаи Баҳрайнро вориди дарвоза кард. Ҳамин тавр, дар вохӯрии нахустин футболбозони ҷавони тоҷик маъюсона майдонро тарк карданд ва акнун рӯзи 27-и октябр бо футболбозони Бутан қувва месанҷанд. Дар ин гурӯҳ дастаи мунтахаби Қатар бар Бутан бо натиҷаи 3 бар 0 ва Кувайт бар Урдун бо ҳисоби 1 бар 0 ғалаба карданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






