Бокс

Октябрь 19, 2011 14:44

Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев)- Имрӯз маҷмааи тозабунёди Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ аввалин мусобиқаи байналмилалиро дар риштаи бокс пазироӣ мекунад. Федератсияи бокси мамлакат мусобиқаи боксчиёнро барои ҷоизаи клуби «Шоҳона», ки солҳои охир шоистаи қабули тимҳои Осиёи Марказӣ гардидааст, дар ин макон барпо менамояд. Ба гуфти раиси Федератсияи бокси кишвар Бобоҷон Маҳмадрасулов, имрӯз соати 14-и вақти Душанбе расми кушоиши бозиҳо баргузор шуда, беҳтарин боксчиёни кишварҳои ҳамсояи дуру наздик барои ғалаба рӯи майдон меоянд ва дар давоми се рӯз бо ҳам рақобат мекунанд. Агар мусобиқа байни мардон дар 10 вазн гузарад, пас дар се вазн- 48, 60 ва 64 килограмм  бонувони Тоҷикистону Афғонистон бо ҳам қувва меозмоянд. Мусобиқот  се рӯз идома меёбанд.

Октябрь 19, 2011 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад