Бокс: Анвар Юнусов ба олимпиада меравад

Октябрь 5, 2011 16:26

Душанбе, 5 октябр.( АМИТ «Ховар»,  Аловиддин Бӯриев). — Дар рӯзи 9-уми мусобиқаи  қаҳрамонии ҷоми ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шахри Боку идома дорад, дар вазни 60 кг Мададӣ Нағзибеков бо боксчии маҷор Варга  Миклос вохӯрда ба мағлубият дучор шуд ва имконияти  ба даст овардани роҳхатро ба бозиҳои олимпии Лондон аз даст дод. Дар вазни то 91 кг толеъ ба боксчии дигари мо Ҷаҳон Қурбонов ҳам мадад накард. Баъди даври  аввали вохӯрӣ  бо боксчии номдори рус Артур Бетербиев ӯ аз идома додани вохӯрӣ даст кашид. Ҳамин тавр боз ду муштзани тоҷик аз идома додани вохӯриҳо дар канор монданд. Танҳо ба Анвар Юнусов муяссар гардид, ки дар вазни 56 кг ба мусобиқоти якчаҳорфиналӣ роҳ ёбад. Ӯ баъди ғалабааш бар Бойд Люк аз Австралия сазовори роҳхат ба бозиҳои Олимпии Лондон шуд. Имрӯз боксчии тоҷик дар рақобати якчаҳорфиналӣ бо Сергей Водопянови рус қувва месанҷад.

Октябрь 5, 2011 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд