Бокс. Мусобиқоти қаҳрамонии Ҷоми ҷаҳон
Душанбе, 4-октябр.( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷоми ҷаҳон, ки дар шаҳри Боку идома дорад, шоми имрӯз ду боксчии тоҷик вохӯриҳои худро баргузор мекунанд. Дар вазни 60 кг Мададӣ Нағзибеков бо боксчии маҷор Варга Миклос ва дар вазни то 91 кг Ҷаҳон Қурбонов бо шинохтатарин боксчии рус Артур Бетербиев қувва месанҷанд. Дар вохӯриҳои қаблӣ Мададӣ бар Бреди Кобиа ва Элвин Исоев аз Озарбойҷон ғолиб омад. Ҷаҳон Қурбонов боксчии ҳиндустонӣ Манприт Синҳро шикаст дод. Ёдрас мешавем, ки чор нафар боксчиёни дигари мо Сафовиддин Юсуфӣ, Комил Холиқов, Диловаршоҳ Абдураҳмонов ва Фаррух Калонов дар вазнҳои худ мағлуб шуданд. Собирҷон Назаров баъди ғалабааш бар Кастило Ҷуниор аз кишвари Доманикан дар вохӯрии дуввум аз Ҳарт Ессеи амрикоӣ мағлуб шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






