Боз як қаллоб ба даст афтод
Бино ба гуфти ёрдамчии прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, мушовири дараҷаи дуюм Мирзо Қурбонов, нисбат ба корманди бозори «Корвон» — и ҳамин шаҳр Фирдавс Нуров мутобиқи қ.3 –и моддаи 247 КҶ ҶТ банди «а» (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.Ба иттилои манбаъ, Фирдавс Нуров бо истифода аз ваколатҳои хизматӣ бо роҳи қаллобӣ аз соҳибкори бозори «Корвон» Гулниссо Зокирова барои ҷудо намудани 1 метри мураббаъ ҷойи савдо 2 ҳазор доллари амрикоӣ талаб намудааст. Баъди ба даст овардани маблағи дархостшуда 1000 доллари онро ба манфиати худ истифода карда, аз Г. Зокирова бе муайян кардани ҷойи савдо боз 750 доллар талаб мекунад. Гулниссо Зокирова аз рӯи ин амали корманди бозор ба прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза муроҷиат мекунад. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ Ф. Нурови қаллоб дар ҷойи ҳодиса дасгир шуда, нисбат ба ӯ бо моддаи 247қ.3 банди «а» (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда мешавад. Айни замон дар прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ тафтиши пешакии парвандаи ҷиноии Ф. Нуров идома дорад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






