Бозгашти намояндагони Тоҷикистон аз Амрико
Душанбе, 11 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Гурӯҳе аз намояндагони бахши варзиш ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргаштанд. Онҳо муддати 10-рӯз- аз 29 сентябр то 10 октябр аз шаҳрҳои Грин Бей, Кливленд ва Гранд Айленди иёлоти Висконсин, Огайо ва Небраска боздид намуда, бо ҳаёт ва фаъолияти ҳамтоёни амрикоии худ аз наздик шинос гардиданд.Сафари ҳайати намояндагони Тоҷикистон ба Амрико дар доираи барномаи «Ҷаҳони боз» сурат гирифт. Барномаи мазкур бо иқдоми ду нафар донишманди шинохта ва арбоби ҷамъиятию сиёсии Русия ва Амрико- академикҳо Дмитрий Лихачев ва директори китобхонаи Конгресси ИМА Ҷеймс Биллингтон таъсис дода шудааст. Анора Акбарова, ҳамоҳангсози барномаи «Ҷаҳони боз» дар Тоҷикистон зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки танҳо дар зарфи чор соли охир, яъне аз соли 2007 инҷониб аз Тоҷикистон наздики 200 нафар кормандону намояндагони бахшҳои мухталиф ва мақомоти давлатии Тоҷикистон аз Амрико боздид намудаанд. Ҳайати намояндагони Тоҷикистон зимни бозгашт аз Амрико таасуроти худро дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон ироа намуданд. Фурқат Урунов, Салимҷон Аҳмедов намоядагони бахши варзиши ҷумҳурӣ ва Муҳайё Орифова, Асадбек Шукурбеков, Рухшона Шаҳобиддинова, Гавҳар Хоҷаева, ки роҳбарону намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ҳастанд ва аз Амрико боздид намуданд сафарашонро ба ин кишвар хеле шавқовар ва манфиатбахш арзёбӣ карданд. Онҳо зикр намуданд, ки зимни сафарашон ба Амрико на танҳо бо дастовардҳои ин кишвар аз наздик ошно гардиданд, балки анъанаҳои фарҳангию миллии тоҷиконро ба амрикоиҳо муаррифӣ намуданд. Иштирокдорони барнома зикр намуданд, ки баъзе афзалиятҳо ва дастовардҳои пешрафтаи ҷомеаи Амрикоро дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор додан аз манфиат холӣ нест. Мавриди зикр аст, ки барномаи «Ҷаҳони боз» ягона барномаи мубодилавӣ дар дохили шохаи қонунгузории ҳокимияти Амрико буда, ҳамасола аз сӯи Конгресси ИМА маблағгузорӣ мегардад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






