Бозгашти вакилон аз Санкт-Петербург
Душанбе, 18 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов ва Марҳабо Ҷабборова аз шаҳри Санкт –Петербурги Русия баргаштанд. Онҳо дар доираи иштирок дар кори ҷаласаи солонаи комиссияи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ/СААД/ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё /ИИАО/ дар Санкт-Петербург бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои ин шаҳр таҳсил менамоянд, силсилаи мулоқот анҷом доданд. Вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат зимни мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик масъалаи дар оянда бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавонро баъди хатми таҳсил матраҳ намуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






