Бозиҳои интихобии наврасони Осиё дар Тошканд

Октябрь 6, 2011 17:07

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). —  Варзишгарони навраси то 16- солаи мамлакат дар сабқати  бозиҳои интихобии ҷоми Осиё  оид ба футбол дирӯз бо дастаи Қирғизистон вохӯрии худро баргузор намуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ғолиб омаданд. Тӯбҳоро Комрон Турсунов дар дақиқаи 17-ум ва  Амирбек Ҷӯрабоев дар дақикаи 33-ум ба ҳадаф расониданд. Дар ин гурӯҳ соҳибони майдон- наврасони Ӯзбекистон бо ҳисоби калони 9 бар 0 футболбозони Ҳиндустонро шикаст доданд.  Футболбозони тоҷик рӯзи 7 октябр бо наврасони Ҳиндустон ва  9 октябр бо соҳибони майдон рақобат хоҳанд кард. Вобаста ба бозиҳои интихобии наврасони то 16 — сола ёдрас мешавем, ки дар гурӯҳҳои боқимонда аллакай ғолибон муайян шудаанд. Ҳамин тавр, аз гурӯҳи «А» Мунтахаби Ироқ, дар гурӯҳи «Б» Яман, дар гурӯҳи «Е» Куриёи Шимолӣ, дар гурӯҳи «Ф» Ҷопон ва дар гурӯҳи « Ҷ» Таиланд соҳибони ҷойҳои аввал гардиданд.  

Октябрь 6, 2011 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад