Бозии ҳассос барои мунтахаби Русия
Душанбе, 7 октябр. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Имрӯз дар доираи бозиҳои интихобии ҷоми Аврупо доир ба футбол тими мунтахаби Русия бо Словакия қувва меозмояд. Тавре ки сармураббии дастаи Русия Дик Адвокат иттилоъ додааст, ҳамаи бозингарон ба ин бозӣ омодаанд ва барои онҳо ин вохӯрӣ санҷиши асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар сурати ғалаба дар ин бозӣ русҳо имкон доранд дар ҷамъбасти бозиҳои гурӯҳӣ соҳиби ҷойи аввал гарданд, зеро вохӯрии охиринашон танҳо бо тими мунтахаби Андорра боқӣ мемонад. Дар гурӯҳи «Б» ғайр аз тими мунтахаби миллии рус боз дастаҳои Ирландия, Словакия ва Арманистон ҳам имкони ба даст овардани роҳхатро ханӯз аз даст надодаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






