Буҷет хусусияти иҷтимоӣ дорад

Октябрь 18, 2011 15:17

Душанбе, 18 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 5 миллиард сомонии буҷети давлатӣ барои соли 2012 ба рушди соҳаҳои иҷтимоию маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шудааст.Алҳол,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бора буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  соли 2012» дар Кумитаҳои палатаи поёнии парлумони мамлакат –Маҷлиси намояндагон мавриди  баррасӣ ва муҳокима қарор дорад.Қисми даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 дар ҳаҷми 10 миллиарду 160 миллион сомонӣ ва қисми хароҷоташ 10 миллиарду 340 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар қиёс ба буҷети соли 2011 мутаносибан 1 миллиарду 860 миллион ва 1 миллиарду 750 миллион сомонӣ зиёд аст.Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар буҷети соли 2012  дар ҳаҷми 35,8 миллиард сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот 7% ва таваррум 10,5% пешбинӣ гардидааст.     Интизор меравад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» нимаи авввали моҳи ноябр ҷиҳати баррасӣ ба иҷлосияи Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешавад.

Октябрь 18, 2011 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад