Дар ҶТ Сафорати Амороти Муттаҳидаи Араб боз мешавад
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҳошияи сафари кории худ ба Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) дар шаҳри Абу-Заббӣ бо вазири давлатии корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб доктор Анвар Гаргаш мулоқот намуд.Тавре аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ иттилоъ доданд, зимни мулоқот масоили ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, ташкили сафарҳои ашхоси расмӣ тариқи низоми бидуни раводид, зарурати кушодани хатсайри ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Абу-Заббӣ, тавсеаи пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, раванди шомилшавии ҶТ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо, ҳамкории минтақавӣ ва дигар масъалаҳои байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи муштарак қарор гирифтанд.Ба иттилои манбаъ, дипломатҳо инчунин ба вазъи Афғонистон ва ҷараёни барқарорсозии сулҳ дар ин кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Дар ин робита масоили амнияти минтақавӣ низ баррасӣ шуд. Вазир Ҳ. Зарифӣ ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро дар аҳамияти баргузории Конфронси минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA 5) моҳи марти соли 2012 дар Душанбе қайд намуда, инчунин доир ба зарурати иштироки намояндагони АМА дар сатҳи муносиб дар конфронси мазкур ибрози назар кард.Мусоҳибон ҷоннок намудани фаъолияти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Абу-Заббиро таъкид сохта, зарурати боз намудани Сафорати Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ тазаккур доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






