Дар Душанбе мизи мудаввар доир мегардад
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бо ибтикори Суди конститутсионии ҷумҳурӣ 3 ноябр дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Конститутсия — гарави таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон» баргузор мегардад. Ин чорабинӣ ба ифтихори 17 – солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 16 – солагии рӯзи таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.Тавре дар Суди конститутсионӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни мизи мудаввар даҳҳо маърӯзаҳо дар бораи аҳамияти таърихии Конститутсия ва мақоми он дар ташкили давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ҳамчунин ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд шунида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






