Дар Душанбе намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2011» баргузор мешавад
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 12 октябр раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо раиси Палатаи савдо ва саноати Амрикою Тоҷикистон Назир Шарифов ва Директори иҷроияи Ассосиатсияи «Шӯрои тиҷоратии Амрико дар Тоҷикистон» Илҳом Маҳкамбоев масоили таҳкими ҳамкории мутақобилан муфидро мавриди муҳокима қарор дод. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, Шариф Саид дар ҷараёни мулоқот зикр намуд, ки солҳои охир равобити байни Тоҷикистон ва ИМА фаъолона рушду ривоҷ меёбад. Бо вуҷуди ин хам, бо дарназардошти қудрати иқтисодии ИМА бояд робитаҳои тиҷоратию иқтисодии аҳли тиҷорат бештар ривоҷу густариш дода шавад.Зимни сӯҳбати амалӣ мавзӯи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки дар Тоҷикистон татбиқ мегарданд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ пешниҳод намуд, ки имконияти бо иштироки мутахассисони Палатаи савдо ва саноати Амрикою Тоҷикистон дар ҶТ ва Ассосиатсияи «Шӯрои тиҷоратии Амрико дар Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ намудани курсу семинарҳо барои аъзои Палатаи савдо ва саноати ҶТ баррасӣ гардад. Шариф Саид бахши энергетика, саноати истихроҷи маъдан, сабук, коркарди маъдан, рушди инфрасохторҳо, аз ҷумла, сохтмон, алоқаи нақлиёт, кишоварзӣ, туризм, маориф ва тандурустиро аз ҷумлаи самтҳои дурнамои рушди ҳамкорӣ бо ширкатҳои амрикоӣ номбар намуд.Назир Шарифов дар навбати худ фаъолияти Палатаи Тоҷикистонро дар рушду таҳкими равобити берунии иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуд.Дар мулоқот ҳамчунин як қатор масъалаҳои дигаре, ки таваҷҷӯҳи ҷонибайнро ба худ ҷалб мекунанд, мавриди муҳокима қарор гирифтаанд.Аз рӯи натиҷаи мулоқот Ёддошти ҳусни тафоҳум имзо гардид.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






