Дар Екатеринбург муҳоҷири тоҷик ба халокат расид
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 22 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Екатеринбург ҳодисаи мудҳиш ба амал омад, ки дар натиҷаи он шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид.Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия, ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ дар сохтмони маҷмааи истиқоматии «Аврора», воқеъ дар кӯчаи Соболев бо сабабҳои номаълум крани борбардори сохтмонӣ аз баландии 14 метр чаппа шуда, ба болои дастгоҳи омехтакунии бетон афтодааст, ки дар натиҷа шаҳрванди Тоҷикистон – Амиралӣ Сайвалӣ Шарифзодаи 20-сола, сокини ноҳияи Қубодиён ба ҳалокат расида, шаҳрванди дигар Араш Азизови 25-сола, сокини шаҳраки Лучоби ноҳияи Варзоб аз пояш ҷароҳат мебардорад ва дар айни замон дар беморхона бистарист. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Екатеринбург перомуни далелҳои ҳодисаи нохуш парвандаи ҷиноӣ боз намудааст ва тафтишот ҷараён дорад. Як сабаби фоҷиаро риоя накардани қоидаҳои бехатарии техникӣ медонанд. Корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия Шоҳназар Таваров чанде қабл бо роҳбарони иншооти сохтмонии мазкур мулоқот кард. Директори иҷрокунандаи ширкати сохтмонии ҶДММ «Инвест Строй Юг» Надежда Митяева гуфтааст, ки ширкат ба оилаи ҳалокшуда дар ҳаҷми ним миллион рубл ҷубронпулӣ пардохта, тамоми хароҷоти ба ватант фиристодани ҷасади ӯро низ ба ӯҳда мегирад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






