Дар ноҳияи Мурғоб шӯъбаи АНМН кушода шуд
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 17 октябр директори Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назаров ба ВМКБ сафар кард. Бино ба хабари маркази матбуоти идораи назорати маводи нашъаовари мамлакат, Рустам Назаров дар ҷараёни сафараш дар маросими ботантанаи ифтитоҳи шӯъбаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуд. Дар ин маросим намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар ҶТ ва раиси Ҳукумати ноҳияи Мурғоб иштирок доштанд. Мувофиқи суханони манбаъ, сафари роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовар то 19 октябр давом мекунад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






