Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли трактор месозанд ?

Октябрь 26, 2011 17:35

Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи  Хайруллоҳ). —  Бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳо миёни ин Вазорат ва заводи трактори шаҳри  Бобруйски Ҷумҳурии Беларус бо мақсади ривоҷу равнақ бахшидан ба соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғу токпарварӣ дар мамлакат густариш меёбанд.Дирӯз  дар Вазорати кишоварзӣ вохўрии сардори Раёсати сиёсати техникӣ ва инфрасохтори кишоварзӣ Қ. Расулов  бо директори заводи трактори шаҳри Бобруйски Ҷумҳурии Беларус Александр Агранович Григоревич баргузор гардид.Мақсади вохўрӣ аз сохтани корхонаи муштараки  тракторҳои тамғаи “Беларус-321”, “Беларус — 422” ва “Беларус — 622” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд. Тракторҳои тамғаҳои номбурда аз назари сарфаи сўзишворӣ камхарҷ буда, ба пешравии соҳаи кишоварзӣ манфиатбахш мебошанд.

Октябрь 26, 2011 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд