Даргузашти Сафаралӣ Раҷабов
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Шоми 5 октябр дар синни 56 -солагӣ собиқ Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов бар асари сактаи қалб аз олам гузашт. Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов маросими ҷанозаи Сафаралӣ Раҷабов соати 11-и 6 октябр дар саҳни масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуби Чархӣ баргузор мегардад.Сафаралӣ Раҷабов 2 сентябри соли 1955 дар деҳаи Чилчаи ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Хатмкунандаи донишгоҳи кишоварзӣ буда, аз соли 1972 то солҳои 90-ум дар муассисаҳои мухталифи таълимии ноҳияи Файзобод, ба ҳайси омӯзгор ва раҳбар кор кардааст.Солҳои 1990 то 1995 ба сифати вакили мардумӣ интихоб шуда, ҳамзамон раисии Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллиро ба зимма дошт. Сар аз соли 1995 то соли 2000 ба ҳайси раиси Маҷлиси Олӣ ифои вазифа менамуд. Ҳамзамон дар солҳои 2000 то 2005 дар мансаби вазири маорифи ҷумҳурӣ фаъолият намудааст.Аз соли 2005 то инҷониб дар ду давра ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ кор кардааст.Ҷасади марҳум имрӯз дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






