Дастаи мунтахаби ҷавонон: имтиҳон дар Қатар.
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – 22-октябр дастаи мунтахаби ҷавонони мамлакат оид ба футбол барои ширкат дар бозиҳои интихобии ҷоми Осиё озими Давлати Қатар мешавад. Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «Б» бо дастаҳои Баҳрайн, Бутон, Кувайт, Урдун ва Қатар барои дарёфти ду роҳхат ба бозиҳои ниҳоии қораи Осиё қувва меозмоянд. Футболбозони мо таҳти роҳбарии мураббиён Ораз Назаров ва Ҳикмат Фузайлов ба ин мусобиқа омода шуда, дар давоми як ҳафта дар шаҳри Норак тамрин карданд. Футболбозони ҷавон дар вохӯрии таҷрибавӣ бо дастаи «Энергетик» ҳисобро 1 бар 1 мусовӣ карда, дар бозии дуввум бо дастаи «Норак» бо натиҷаи 7 бар 2 пирӯз шуданд. Ҳайатро намояндагони 6 даста ташкил медиҳанд. Бино ба гуфти мураббии даста Ҳикмат Фузайлов, онҳо дар бораи бозии ҳарифони худ чандон маълумот надоранд ва кӯшиш мекунанд, ки бозии хубу зебо нишон диҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






