Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон 6 зина поён фаромад.
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар тозатарин радабандии федератсияи футболи ҷаҳон, мавсуф ба FIFA 6 зина поён рафт. Моҳи сентябр футболбозони мо аз мақоми 153-ум ба зинаи 124 рейтинги ҷаҳонӣ баромаданд, яъне 29 зина боло рафта буданд. Баъди шикаст дар бозиҳои охирини интихобии ҷоми ҷаҳон дасти мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги навбатии моҳи октябр 6 зина поён рафта, дар зинаи 130 қарор дорад. Байни давлатҳои Осиё дастаи мунтахаби Ҷопон дар ҷои аввал буда, Тоҷикистон дар мақоми 18-ум аст. Дар садри ҷадвали рейтинги ҷаҳонӣ дастаи мунтахаби Испаниё бо 1624 имтиёз қарор дорад. Аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дастаи мунтахаби Русия пешсаф будава дар мақоми 13 – ум ҷой гирифтааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






