Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Ҷопон меравад
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Имрӯз аъзои дастаи мунтахаби футболи кишвар барои ширкат дар вохӯрии сеюми гурӯҳии бозиҳои интихобии ҷоми ҷаҳон озими шаҳри Осакаи Ҷопон мешаванд. Футболбозони мо тайёрии худро дар Қайроққум ба анчом расонида, дар вохӯрии таҷрибавӣ бо дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров натиҷаи мусовии 2 бар 2- ро комёб шуданд. Ба гуфти ичрокунандаи вазифаи сармураббии даста Олимҷон Рафиқов, футболбозону роҳбарони даста имкон доштанд бо ҳунарнамоии футболбозони Ҷопон ва Ӯзбекистон, ки бозиашон 1 бар 1 мусовӣ анҷом ёфта буд, шинос шаванд. Бозӣ рӯзи 11 октябр барпо мегардад. Онро довари FIFA Бенҷамин Уилямс ҳакамӣ мекунад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






