Довталабон барои таҳсил ба Ветнам мераванд

Октябрь 19, 2011 16:57

Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Заррина Саидова).-   Корхонаи воҳиди давлатии заводҳои ортопедию протезии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фонди махсус барои маъюбони Кумитаи байналмилалии  Салиби Сурх  барои таҳсил  дар Маркази таълими технологияи ортопедии  шаҳри Ханойи Ветнам довталабонро интихоб намуд.Барои ба кишвари Ветнам  фиристодани  шаҳрвандони Тоҷикистон  ҷиҳати омўзиши касб дар риштаи ортопедӣ ва тайёр намудани мутахассисон барои завод ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кўлоб ва Хоруғ озмун эълон шуда буд. Дар поении озмун 3 нафар ҷавони тоҷик, ки шавқи мутахассиси ин соҳа шуданро доранд, интихоб гардида,  ба таҳсили сесола ба кишвари Ветнам фиристода  мешаванд. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нисбат ба бозсозии корхона, таъмини он бо таҷҳизоти нави замонавӣ ва  беҳтар намудани сифати маҳсулот  мақсадҳои ҷиддӣ пеш гузошта, азм дорад кадрҳои болаёқати ҷавону соҳибихтисос  тайёр намояд.  Кумитаи байналмилалии  Салиби Сурх ҷиҳати аз бар намудани технологияи нав омода аст, ки  ба мутахассисони завод  кўмак расонад.

Октябрь 19, 2011 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд