Эмомалӣ Раҳмон Ян Фишерро ба ҳузур пазируфт

Октябрь 11, 2011 17:54

Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Ян Фишерро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва БАТР мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ян Фишер дар назди хабарнигори васоити ахбори омма сухан гуфта, аз ҷумла зикр намуд: «Дар вохӯрӣ бо Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон мо масоилеро, ки ба ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва БАТР робита доштанд, муҳокима намудем. Ҳар ду ҷониб дар мавриди 20-соли ҳамкорӣ назари нек доранд, аз ҷумла дар бораи фаъолияте, ки барои дастгирии рушди минбаъдаи бахши хусусӣ дар ин кишвар равона гардидааст.Вазифаи мо аз он иборат аст, ки шакли ниҳоии стратегияи давлатиро, ки барои дар се соли оянда расонидани кӯмак ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, омода намоем. Табиист, ки мо интихоби соҳаҳо ва самтҳоро дар чаҳорчӯби татбиқи ин стратегияи давлатӣ баррасӣ намудем, аз ҷумла дар он соҳаҳое, ки Бонк метавонад самараноктар ва бомувафақият фаъолият намояд ва ин ба дастгирии бахши хусусӣ, бахши иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳо дахл дорад.Ин гуна масоили стратегӣ ба ин стратегияе, ки мо дар он кор карда истодаем ва онро дар ин кишвар амалӣ менамоем, дохил мешаванд. Дар навбати аввал инҳо тадбирҳое, мебошанд, ки барои таҳким ва беҳтарсозии бахши бонкӣ равона гардидаанд. Мо тамоми нерӯи худро ба он равона мекунем, ки ин корҳо самаранок анҷом ёбанд, то ки бонкҳо барои дастгирии соҳибкорони хурду миёна, барои додани қарзҳои дарозмуддат ва барои равнақи соҳибкорӣ иқтидори кофӣ дошта бошанд. Дигар бахшҳое, ки фаро гирифта мешаванд ва он бахшҳое, ки дар онҳо кор карда истодаем-инҳо лоиҳаҳо доир ба энергетика ва дастовардҳои энергетика дар кишвар, лоиҳаҳои мунитсипалие, ки мо барои татбиқи онҳо дар ин кишвар таҷрибаи кофӣ дорем. Тӯли солҳои гузашта мо аллакай ин гуна лоиҳаҳоро амалӣ намудем. Бо фараҳмандӣ зикр менамоям, ки баррасии як қатор масоил бо Президенти кишвар, муовини сарвазир, Вазири рушди иқтисод ва савдо, намояндагони тиҷорати хурду миёна моро умедвор намуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мо дар сатҳи зарурӣ идома меёбад. Он самтҳое, ки мо дар онҳо кор мекунем, дар ҳақиқат ба тадбирҳое, ки Ҳукумати кишвар меандешад, мутобиқат менамоянд. Стратегияи давлатие, ки омода менамоем, на якҷониба ва на танҳо аз ҷониби кормандони бонк, балки дар натиҷаи муколама бо Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар ҷонибҳои ҳавасманд дар Тоҷикистон таҳия мешавад.Ман ҳамчунин ба Президент изҳор намудам, ки БАТР минбаъд низ расонидани кӯмаки самаранок ва натиҷабахшро ба Тоҷикистон,   аз ҷумла барои беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ ва таъмини шароити мусоид барои соҳибкорон тарафдорӣ менамояд. Президент ин иқдоми моро дастгирӣ намуд ва ман дар хотимаи сӯҳбат гуфтам, ки Бонк минбаъд низ ҳамкориҳои самараноку ҳамоҳангро бо дигар ташкилот ва созмонҳои байналмилалие, ки дар ин соҳа кор мекунанд, идома медиҳад», — изҳор намуд Ян Фишер.

Октябрь 11, 2011 17:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад