Фасодхонаи мухаддир ошкор гардид
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Дар ноҳияи Вахш кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон фасодхонаи мухаддиротиро ошкор ва барҳам доданд.Фасодхона дар хонаи шахсӣ ташкил шуда буд. Соҳиби он сокини 30-солаи ҳамин ноҳия маҳсуб мешуд. Дар ҷараёни баргузории амалиёт аз ин хона 5 нафар дастгир шуданд, ки ҳамаи онҳо дар ҳолати истеъмоли мухаддирот қарор доштанд. Аз онҳо се нафарашон қаблан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда буданд.Ҳангоми кофтукови хона кормандони Раёсат якчанд адад сӯзандоруро бо маводи нашъадор, ки барои истеъмол омода шуда буд, ёфтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






