Фестивали «Фазои Иттиҳод»
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар чаҳорчӯбаи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 20 – солагии ИДМ ва 20 – умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 октябр дар «Кохи Борбад» — и шаҳри Душанбе фестивали байналмилалии мусиқии «Фазои Иттиҳод» баргузор мегардад. Фестивал бо ибтикори Вазорати фарҳанги ҶТ таҳти васояти Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстона роҳандозӣ мешавад.Фестивали фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, ки чун солҳои пештара ситораҳои ҷавони эстрадии кишварҳои аъзои ИДМ ва Гурҷистонро ҷамъ месозад, таҳти шиори «Мо зери як осмонем!» баргузор шуда, дар он сарояндагони маъруфи эстрада ва мутрибони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Арманистон иштирок менамоянд. Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин фестивал Нозияи Кароматулло, Меҳринигори Рустам ва Зикриоллоҳ Ҳакимов ҳунарнамоӣ мекунанд. Хотирнишон месозем, ки фестивали «Фазои Иттиҳод» соли 2010 дар пойтахти Тоҷикистон бори нахуст доир гардида, акнун анъанаи неки кишварҳои Иттиҳод шудааст. Фестивал ба таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ дар бахши фарҳангу санъат мусоидат мекунад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






