Фиреби истеъмолкунанда ҷиноят аст
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ нисбат ба фурӯшандаи нуқтаи сӯзишворӣ Шариф Бекназаров бо моддаи 294 КҶ ҶТ (фиреби истеъмолкунандагон) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд.Бино ба гуфти ёрдамчии прокурори ноҳияи мазкур мушовири адлияи дараҷаи дуюм Мирзо Қурбонов ҳангоми санҷиши фурӯши сӯзишворӣ Шариф Бекназаров ба ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ – 2109, рақами давлатиаш 45- 97 РТ01 Ҳайдар Самиев бо зарфи худсоз (сатил) 10 литр бензини навъи АИ- 92-ро ба ҷойи бензини навъи АИ – 95 фурӯхта.Оид ба 2 литр кам додани бензин дар иштироки шахсони холис санад тартиб дода шуд. Тибқи хулосаи ташхиси озмоишгоҳи маҳсулоти нафтии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои(АСМС НС) Ҳукумати ҶТ аз 5. 02. 2011 сӯзишвории навъи АИ – 95 аз рӯи нишондоди октанӣ ба талаботи стандарти давлатӣ (раками давлатӣ ГОСТ 1077- 2002) мутобиқат надорад. Бо назардошти он ки дар кирдори Ш. Бекназаров аломатҳои ҷиноятӣ дар моддаи 209 қ.1 ва моддаи 294 КҶ ҶТ дида мешаванд, парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд. Баъди санҷиши ҳаматарафа парванда барои баррасӣ ба суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






