Форуми шашуми зиёиёни илмию эҷодии давлатҳои аъзои ИДМ
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). Имрӯз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов, президенти АИ ҷумҳурӣ Маҳмадшо Илолов, раиси ДМТ Нуриддин Саидов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, Фароғат Азизӣ- муовини вазири фарҳанг, Мансур Сайфиддинов -мушовири калон оид ба рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеа ва директори АМИТ «Ховар» Садриддин Шамсуддинов барои иштирок дар Форуми шашуми зиёиёни илмию эҷодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Киев сафар карданд.Ёдовар мешавем, ки дар Форум масъалаҳои марбут ба чорабиниҳои муштарак вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи маорифу тарбия, илм ва инноватсия, фарҳанг ва санъат, дастгирии насли ҷавони Иттиҳод, экология ва ҳифзи муҳити зист, туризми фарҳангию омӯзишӣ, варзиш ва ҳаёти солим дар ИДМ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур ҳар сол бо навбат дар давлатҳои аъзои ин созмон доир мегардад ва ба иштирокчиёни худ имконияти баррасии масъалаҳои рушди ҳамкории башардӯстонаро фароҳам меорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






