Густариши равобити иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Полша
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади рушди муносибатҳо миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Полша дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Полша оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ 27 октябр ба кори худ шурӯъ кард, ки имрӯз идома меёбад. Ҳайати Ҷумҳурии Полшаро дар ин комиссия Рафал Баняк, муовини вазири иқтисоди Ҷумҳурии Полша ва ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳбарӣ мекунанд. Дар ҷаласа ҳайатҳои ҳар ду кишвар масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ менамоянд. Таваҷҷӯҳи бештар ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, пешбурди сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ равона гардида, ҳарду ҷониб ба роҳ мондани ҳамкориро дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, саноати дорусозӣ, бунёди инфрасохтор, сайёҳӣ, саноати сабук, умури бонкӣ ва суғурта муҳим арзёбӣ намуданд. Ҷонибҳо ноустувории сатҳи гардиши молро миёни ду кишвар қайд намуданд. Ҳамин тавр, агар дар соли 2009 гардиши мол 8,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, ин рақам дар соли 2010 афзоиш ёфт ва 18,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ҳол он ки дар соли 2008 гардиши мол ба 23 млн. доллари ИМА баробар буд. Аммо аз рӯи ҷамъбасти 9 моҳи соли 2011 пастравӣ ба мушоҳида мерасад, ки нисбат ба давраи муқоисавии соли гузашта ҳамагӣ 37 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба гирифтани қарзи имтиёзнок, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Полша ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Полша мизи мудаввар бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва Полша, ҳамчунин бизнес-семинар доир гардида, дар он муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ сурат мегмрад. Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа ҳуҷҷатҳои дахлдор ба имзо мерасанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт






