Хабарнигорон меҳмони «Форс» мешаванд

Октябрь 3, 2011 16:03

Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «15 нафар аз хатмкунандагони давраи нахустини омӯзишӣ,  ки аз ҷониби хабаргузории «Форс»-и Эрон дар Душанбе баргузор гардид, аз Эрон боздид намуда, бо фаъолияти хабаргузории «Форс» ошно мегарданд». Ин матлабро Алиасғари Шеърдӯст, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар маросими супоридани гувоҳномаҳо ба намояндагони расонаҳои Тоҷикистон иброз дошт.Нахустин давраи омузишӣ барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи /ВАО/ Тоҷикистон бо мақсади такмили донишҳои назариявии рӯзноманигорон, баланд бардоштани сатҳи  касбияти онҳо ва ошно намудан бо жанрҳои журналистика дар шароити равандҳои ҷаҳони муосир буд.Ба 30 нафар намояндагони гуногуни расонаҳои Тоҷикистон муддати як ҳафта  ду нафар устодони Донишгоҳҳои Теҳрон- Саидризо Нақибуссодот ва Акбари Насруллоҳӣ, ки аз назариядонҳои шинохтаи бахши журналистикаи Эронанд ва таҷрибаи баланди рӯзноманигорӣ доранд,  дарс доданд.

Октябрь 3, 2011 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд