ХИБ Сангтӯда- Пули Хумрӣ ба истифода дода мешавад
Душанбе, 27 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз дар қисмати ҷануби кишвар хатти интиқоли барқи 220 киловаттаи Сангтӯда –Пули Хумрӣ ба истифода дода мешавад, ки дар маросими jy Муҳаммад Қасим Фаҳим, ноиби аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Оқил Оқилов, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазири энергетика ва саноатӣ ҷумҳурӣ Гул Шералӣ ва Муҳаммад Исмоилхон, вазири энергетикаву таъминоти оби Афғонистон ва дигар намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ду кишвари ҳамҷавор иштирок менамоянд.Масофаи хатти интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ дар ҳудуди Тоҷикистон 118 ва дар қаламрави Афғонистон 163 километрро ташкил медиҳад.Бояд тазаккур дод, ки бо истифода қарор додани хатти интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар мавсими тобистон ба Афғонистон то 300 мегаватт нерӯи барқи зиёдатиро интиқол диҳад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






