Хизмати Ватан вазифаи пурифтихор аст
Хоруғ, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Тибқи фармони Президенти кишвар моҳи октябр даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид. Нахустин шуда маросими гусели ҷавонон дар деҳаи навободи ноҳияи Шуғнон ботантана баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, комиссариати ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, волидайн ва ёру дӯстони даъватшдагон ширкат варзиданд. Ҳангоми сӯҳбат бо ҷавонон маълум шуд, ки онҳо воқеан маънои Ватану ватандориро дуруст дарк кардаанд ва ҳар яки онҳо мегуфтанд, ки хизмати Ватан барояшон шараф аст. Танҳо дар ҳамин рӯз 60 дар сади нақшаи сафарбаркунии тирамоҳии даъватшудагон иҷро гардид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






