«Хромотограф» чиро ташхис мекунад ?
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар» ,Фарҳоди Шомаҳмад).- Тавре ки аз Маркази миллии ташхиси байтории Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз Олмон ба Тоҷикистон таҷҳизоти санҷишй бо номи «Хромотограф» ба маблағи 750 ҳазор доллари амрикоӣ ворид гардид, ки барои санҷиши маҳсулоти ғизоӣ ва таъмини бехатарии озуқаворй дар бозорҳои ҷумҳурй мусоидат менамояд. Директори маркази миллии ташхиси байтории Хадамоти назорати байтории Вазорати кишоварзӣ Абдураҳмон Маҳмадшоев гуфт, ки фаъолияти маркази онҳо пеш аз ҳама ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокӣ вобаста мебошад. Дар маркази миллии байторй 10 шӯъба фаъолият менамояд. Вазифаи ин шӯъбаҳо аз муайян намудани бемориҳое, ки аз чорво тавассути истеъмоли маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, асал, моҳй, равғани растанй ба инсон мегузаранд, иборат аст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






