Иҷлосияи Шӯрои ҳамкории фарҳангӣ дар Киев

Октябрь 20, 2011 15:24

Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Пайрав  Назаров). – Имрӯз дар  шаҳри  Киев  иҷлосияи ХХУ1 Шӯрои  ҳамкории  фарҳангии  давлатҳои  аъзои  ИДМ  баргузор  мешавад. Иштироки  раиси  Кумитаи  иҷроия – Муншии  иҷроияи  ИДМ  Сергей  Лебедев  дар  ин маҷлис  дар  назар  аст.Тавре   дар  дафтари  матбуоти Кумитаи  иҷроияи  ИДМ  ба  АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд,  аъзои  Шӯро  тадбирҳои  вазоратҳои  фарҳанги  кишварҳои Иттиҳод  бахшида ба  20 – солагии  ИДМ, Барномаи  байнидавлатии «Пойтахтҳои  фарҳангии  Иттиҳод»,   масоили  ташкилу  корбурди Маркази  ҳифзи мероси  умумиҷаҳонии  давлатҳои  аъзои  ИДМ – ро  мавриди  муҳокима  қарор  доданианд.Ғайр  аз ин,  дар  чаҳорчӯбаи  ин  чорабинӣ  масъалаҳои  татбиқи  Созишнома  дар  бораи  филмбардории муштарак, таҷлили  500 – солагии  аввалин  китоби  чопӣ ба  забони арманӣ  ва  бархе масъалаҳои  дигар  баррасӣ  мешаванд.

Октябрь 20, 2011 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад