Имдоди Фокус

Октябрь 10, 2011 13:51

Хоруғ, 10 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Л.Додо). —  Ташкилоти  Фокус  18  номгӯӣ таҷҳизот  ва лавозимотро, ки  ба  хотири  амалиёти ҷустуҷӯӣ мавриди  истифода қарор  дода  мешаванд,  чун  кӯмак ба  Ситоди  ҳолатҳои  фавқулодда ва  мудофиаи  граждании  ВМКБ  тақдим  намуд. Ҳамоҳангсози  минтақавии Фокус  дар  ВМКБ  Зарифбек  Қувватбеков  зимни  суханронӣ дар  ин  ҷамъомад  иброз  дошт, ки  Фокус ташкилоти  ҷаҳонӣ  оид ба  вокуниш  аз  вазъияти  бӯҳронӣ ва  коҳишдиҳии  офатҳои  табиӣ  мебошад.Тоҷикистон маҳз  дар  минтақаи  осебпазир  ва  офатҳои  табиӣ  мустақар  буда,  беш  аз  90 дар  садаш  кӯҳсор  аст.  Бадахшон, ки  қисмати  бузурги  он  мебошад,  макони  кӯҳҳои  ҳазорсолаи  азим,  рӯдҳои  пуртуғён,  кӯлҳои  дар  ҷаҳон баландтарину  азимтарин буда, дар ин ҷо   обхезӣ,  сел,  лағжиши кӯҳу сангҳо,  ярчу  заминларза  ҳодисоти  муқаррарист. Раиси  Кумитаи  ҳолатҳои  фавқуллода ва  мудофиаи граждании  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Ҳабибуллоҳ  Латифов  нисбати  кӯмаку   дастгирии  беғаразонаи ташкилоти  Фокус  дар таъмини  Ситоди  ҳолатҳои   фавқулоддаи вилоят  бо таҷҳизоти  амалиётҳои  ҷустуҷӯӣ ва  наҷотдиҳӣ  изҳори  миннатдорӣ   намуд.

Октябрь 10, 2011 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд