Имзои Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ва Вазорати саноати Ҷумҳурии Беларус

Октябрь 28, 2011 11:26

Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи  Хайруллоҳ).-27 октябри соли равон дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ  бо Вазири саноати Ҷумҳурии Беларус Д.С. Катеринич  баргузор гардид.Зимни вохӯрӣ Вазири  энергетика ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ  ва вазири саноати Ҷумҳурии Беларус Д.С. Катеринич   аз густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои саноат изҳори қаноатмандӣ намуда, мавҷуд будани заминаҳои мусоидро барои таҳкими равобити ҷонибҳо таъкид намуданд.Пас аз баррасии масъалаҳо «Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба густариши ҳамкориҳо байни Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ва Вазорати саноати Ҷумҳурии Беларус» ба имзо расид. Дар мулоқот ҳамчунин сафири Ҷумҳурии Беларуc дар ҶТ О.А. Гаврук ва гурӯҳи  роҳбарони корхонаҳои Ҷумҳурии Беларус иштирок доштанд.

Октябрь 28, 2011 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад