«Институтҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқи принсипҳои Париж ва нақши онҳо дар пешгирии шиканҷа дар Осиёи Марказӣ»
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Рӯзҳои 12-13 октябри соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Идораи Комиссари олӣ оид ба ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид, Дафтар оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар меҳмонхонаи «ҲАЯТ-Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе вохӯрии Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дар доираи ин вохӯрӣ семинари минтақавӣ дар мавзӯи «Институтҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқи принсипҳои Париж ва нақши онҳо дар пешгирии шиканҷа дар Осиёи Марказӣ»-ро баргузор менамояд. Дар вохӯрӣ Роҳбари Департаменти Идораи Комиссари олӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ оид ба Амрико, Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Намояндаи минтақавии Идораи Комиссари олӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ дар Осиёи Марказӣ, муовини сардори шӯъбаи Институтҳои миллӣ ва механизмҳои минтақавии Идораи Комиссари олӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Қазоқистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Қирғизистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Муғулистон, Роҳбари Департаменти Маркази миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Қазоқистон, Роҳбари Департамент оид ба пешгирӣ ва мониторинги Идораи ҳуқуқи инсони Гурҷистон ва дигар шахсони расмӣ аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок менамоянд. Дар семинари мазкур рушди низоми миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон дар минтақа, талаботи асосӣ ба Институтҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқи принсипҳои Париж ва нақши онҳо дар пешгирии шиканҷа дар Осиёи Марказӣ, ҳамкории Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсон бо СММ, сохторҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО мавриди муҳокима қарор мегиранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






