Интиқоли зойирин ба ҳаҷ анҷом ёфт
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ширкатҳои ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» дар хатсайри Душанбе-Ҷидда 21 парвоз анҷом дода, дар маҷмўъ 4172 нафар зойирро ба Арабистони Cаудӣ интиқол доданд. Маъракаи ҳаҷи имсола муташаккилона сурат гирифт. Пеш аз оғози маъракаи ҳаҷ дар фурудгоҳи Душанбе барои дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани маъракаи гусели зойирин ҷаласа баргузор гашт, ки дар он намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ, Кумитаи дин, хадамоти гумруки назди фурудгоҳ ва намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ иштирок намуданд. Бақайдгирӣ, интиқоли зойирин аз идораи муфтиёт то фурудгоҳ, хизматрасониҳои фурудгоҳӣ, омодагии ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва таъмини тартибу низом аз ҷониби кормандони ВКД- ҳама дар сатҳи баланди касбӣ анҷом дода шуд. Рейси хотимавиро бо 184 мусофир 29.10.2011 аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар хатсайри Душанбе-Ҷидда анҷом дод. Тавре маълум гашт, танҳо дар маъракаи ҳаҷи соли ҷорӣ, ки аз 11 то 29 уми октябр давом кард, аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 4172 нафар зойир хизмат расонида, 49 375 кг бори эшон интиқол дода шуд. Бо ҳамин, интиқоли зойирин ба ҳаҷи соли 2011 аз фурудгоҳи Душанбе бомуваффақият анҷом ёфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






