Истиқболи сазовор аз ҷашни таърихӣ
Ҳисор, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Ташрифи Сарвари давлат ба ноҳияи Ҳисор ва соли 2015 таҷлил намудани 3000- солагии ноҳия кулли сокинони Ҳисорро рӯҳбаланд намуд, зеро таҷлили ҷашни воқеан таърихӣ орзӯи деринаи сокинони ин мулки зарнисор буд. Акнун вазифаи аввалиндараҷаи зиёиён, олимон ва ҳамаи омӯзгорон аст, ки як бори дигар таърихи ин водиро аниқтару дақиқтар омӯзанд, паҳлӯҳои нокушодаашро кушоянд ва насли наврасро дар рӯҳияи ҳуввияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намоянд,- иброз дошт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҳисори Шодмон» Қурбонмурод Асоев. Воқеан, Ҳисори Шодмон як пораи сарзамини куҳанбунёди тоҷикон аст. Аҷдодони мо дар ин мулки хушбоду ҳаво асрҳои аср зиндагӣ карда, аз худ осори бузурги таърихӣ, фарҳангӣ ва илмӣ боқӣ гузоштаанд. Аз ҷумла, тибқи ақидаи баъзе таърихшиносон қалъаи Ҳисори бостон дар давраи подшоҳии Таҳмураси Девбанд сохта шудааст, -иброз дошт шоир ва омӯзгори мумтоз Абдуҳалим Самадзода. — Ман итминони комил дорам, ки баъди сохтани литсей барои бачаҳои болаёқати водии Ҳисор, таъмиру таҷдиди қалъаи бостонии Ҳисор, қомат афрохтани иморатҳои замонавии маъмурию шахсӣ, чойхонаю меҳмонхонаҳо, таъмиру таҷдиди роҳҳо симои шаҳри Ҳисор ба куллӣ дигаргун гашта, он ба шаҳри замонавӣ табдил хоҳад ёфт,- мегӯяд сокини ноҳияи Ҳисор Зикруллоҳ Ҷобиров.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






