Истифодаи инвеститсияҳо дар Тоҷикистон
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тайи моҳҳои январ — сентябри соли равон дар Тоҷикистон инвеститсияҳо аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ баробари 3 миллиарду 100 миллион сомонӣ истифода шудаанд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2010 — ум 110, 4 фоиз зиёд аст.Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, энергетика, ки вазни қиёсиаш 27,7 фоизи ҳаҷми умумии инвеститсияҳои истифодашударо ташкил медиҳад, намуди бартаридоштаи фаъолият маҳсуб мешавад. Барои эъмори нерӯгоҳҳои барқӣ 903 миллиону 500 ҳазор сомонӣ истифода шудааст. Аз ҷумла, барои бунёди НОБ Сангтӯда — 1, ки сохтмони пурраи он дар марҳилаи анҷомёбист, 7 миллиону 200 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Ғайр аз ин барои бунёди НОБ Роғун 619 миллиону 100 ҳазор сомонӣ сарф гардидаст, ки назар ба дараҷаи соли гузашта 232 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ҳамин давра дар иншоотҳои тайиноти истеҳсолӣ инвеститсияҳо ба маблағи беш аз як миллиарду 700 миллион сомонӣ истифода шудааст, ки 56,61 фоизи ҳаҷми умумии инвеститсияҳои ҷумҳуриро ташкил медиҳад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






