Кӣ директори беҳтарини сол мегардад?

Октябрь 27, 2011 11:18

Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Людмила  Дубинина). – 27  октябр  Раёсати  маорифи  шаҳри Душанбе озмуни  касбии «Директори  сол» — ро оғоз  менамояд. Марҳилаи  аввали озмун  дар  ҳамаи мактабҳои  чор  ноҳияи  шаҳр сурат гирифт. Дар  ин  озмун Қарчибек  Сафаров  аз  мактаби  № 65  ноҳияи  Шоҳмансур,  Зарнигор  Ҳамроева  аз мактаби  № 94  ноҳияи  Сино, Анвар  Исрофилов  аз  мактаби  №77   ноҳияи  Фирдавсӣ, Гулрӯ  Сатторова  аз  гимназияи  № 9 ноҳияи  Исмоили  Сомонӣ  муддаиён  барои иштирок  дар  озмуни  шаҳрӣ  гардиданд.Барои  муайян  намудани  ғолибони  озмун  комиссия  ва  ҳаками  махсус  ташкил  ёфтааст, ки  онҳо  тайи  ду  рӯз  аз  мактабҳо  дидан  намуда,  ҳисоботи  эҷодии  роҳбаронро  шунида,  дараҷаи  маҳорати  касбиро  арзёбӣ  менамоянд. 29  октябр дар Маркази  кӯдакону  ҷавонони пойтахт  даври  хотимавии озмун  баргузор  шуда, натиҷаи он ҷамъбаст  мегардад. Маросими  мукофотонидани  «Директори  сол» моҳи  апрел ҳангоми    таҷлили Рӯзи  пойтахт сурат  мегирад. Бояд тазаккур  дод, ки  марҳилаи  аввали  озмуни ҳарсола  дар  донишкадаҳо  аввали  семоҳаи  чорум  оғоз  меёбад.Дар  ин  бора  дар  Раёсати  маорифи  шаҳри  Душанбе ба  АМИТ «Ховар» иттилоъ  доданд.

Октябрь 27, 2011 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад